387 медали варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ
Душанбе, 21.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Варзишгарон, аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон оид ба намудҳои мухталифи варзиш дар 42 мусобиқаи ҷаҳонӣ, Осиё, Ҷоми ҷаҳон, Гран При ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, 387 медал ба даст оварданд. Ин нуктаро имрӯз, 21-уми июл Ахтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни нишасти хабарӣ иброз дошт.
Бино ба гуфтаи мавсуф, аз ин медалҳо 132-тояш тилло, 125 адад нуқра ва 130 ададаш биринҷӣ мебошад, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта варзишгарони тоҷик дар 8 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, 62 медал зиёдтар ба даст овардаанд.
Ба таъкиди Абдуллозода, дар дохили кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 36 чорабинии варзишӣ, аз ҷумла 12 чемпионати ҷумҳуриявӣ, 24 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 16 чорабинии варзишӣ зиёд мебошад.
-Дар чорабиниҳои варзишии дар кишвар гузаронидашуда 2680 варзишгар аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок дошта, ғолибон ва ҷоизадорон бо медалу диплом ва туҳфаҳои арзишманди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гардонида шуданд,- гуфт Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҷамъбасти нимсолаи фаъолияти кумита ба хабарнигорон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст






