5-6 июл: 8 ҳодисаи ғарқшавӣ
Душанбе, 07.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Рӯзҳои 5-6 июли соли ҷорӣ дар кӯлу дарё ва обанборҳои ҷумҳурӣ 8 ҳодисаи ғарқшавии одамон бо оқибатҳои нохуш ба қайд гирифта шудааст.
Дар ноҳияи Конибодом сокини 26-солаи ҷамоати деҳоти Пулотони ноҳия ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи “Сир” аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасад чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Духтарчаи 2-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара аз беназоратии волидайнаш ба ҷӯйбори қафои ҳавлии истиқоматиашон афтида, ба ҳалокат расидааст.
Сокини 45-солаи ноҳияи Рашт ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Сурхоб”-и ноҳияи мазкур аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасади марҳум чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Писарбачаи 11-сола аз ноҳияи Рашт ҳангоми моҳигирӣ ба дарёи “Сорбоғ” афтида, фавтидааст.
Сокини 22-солаи ноҳияи Рашт, донишҷӯ, ҳангоми оббозӣ карданаш дар дарёи “Варзоб”, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонӣ аз беэҳтиётӣ об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасад чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Данғара ҳангоми оббозӣ дар кӯли ҳудуди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасади шаҳрванд чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Духтарчаи 2-солаи сокини ноҳияи Нуробод ҳангоми бо ҳамроҳии модараш дар лаби дарёчаи “Ҷавҷӣ”-и ноҳия қарор доштан аз беаҳамиятии модараш ба дарё афтида, ғарқ шуда, фавтидааст.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






