Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,1 млрд. ва кишоварзӣ 1 млрд. сомониро ташкил дод
Хучанд, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 14 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2015 ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, муовини раиси вилоят Сулаймон Зиёев доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2015 гуфт, ки дар ин давра нақшаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 100 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 607,6 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 2,4 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 59,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра барои дастгирии буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Ашт, Ғончӣ, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз буҷети вилоятӣ 39,7 млн. сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) равона шуданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои дар давраи ҳисоботӣ андешидашуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 2,1 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 451,9 млн. сомонӣ зиёд аст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






