А. Мирзозода: Нақшаи қисми даромади буҷаи вилоят 100 % таъмин шуд
Хуҷанд, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, 28 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти хабарии Сарраёсати молияи вилоят доир гардид. Мирзозода Анвар Сайфиддинӣ, сардори Сарраёсати молияи вилояти Суғд ба хабарнигорон гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 100 фоиз ва ба маблағи 607,5 миллион сомонӣ таъмин шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба иттилои сардори Сарраёсати молияи вилояти Суғд иҷрои даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ дар ин давра ба андозаи 99,4 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 565,5 миллион сомонии нақшавӣ, ба буҷетҳои маҳаллӣ 562,2 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 3,3 миллион сомонӣ кам аст.
Дар нимсолаи якум қисми даромади буҷети маҳаллиро шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Панҷакент, Истаравшан, Ашт, Зафаробод ва Ҷаббор Расулов таъмин карда натавонистанд, ки дар натиҷа ба даромади буҷети маҳаллии вилоят аз ин ҳисоб 14,7 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






