А. Сатторзода: “Иштибоҳҳои гузаштаро набояд такрор бикунем…”
(Ҷавоб ба муроҷиати ҲНИТ ба СММ ва …)
Душанбе, 07.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Дар ду се соли охир ҳамаи мо шоҳиди баҳсу талошҳои мақомоти дахлдор бо баъзе аз ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз он ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ (Ҳиби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал демократии Точикистон) ва созмонҳои мазҳабӣ (салафиҳо ва дигарон) будем ва онҳоро ҳамчун як зуҳури табии равандҳои демократӣ мепазируфтем. Агарчи гоҳо шаклу тарзи зуҳури он баҳсу талошҳо бароямон нохушоянд буданд, чандин ташвиши аз онҳо надоштем. Аммо то рафт бештар шиддат гирифтани ин муносибатҳо ва ба таври бесобиқа расонаи шудани онҳо дар воситаҳои умуми ахбори дохилӣ ва хориҷӣ ва дар як муддати бисёр кӯтоҳ, дар зарфи 15-20 рӯзи охир пайдо шудани Муроҷиатномаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба Президенти ҶТ ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар 15 июни 2015 ва Муроҷиати Раёсати олии ҲНИТ ба Дабири кули СММ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо (АИ), Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), роҳбарони кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи тамос дар 1 июли 2015, дар воқеъ ташвишовар мебошад.
Ин чиз аз он шаҳодат медиҳад, мақомоти дахлдор ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии мо мушкилотеро, ки дар муносибат бо ҳам доранд, натавонистанд, ки дар дохил ҳал бикунанд ва аз пайи даъвати хориҷиён барои дахолат дар ҳалли қазияи мавриди баҳсашон мебошанд. Мисли он ки дар солҳои 90 асри гузашта мо тоҷикон чунин як амали носавобро аз сабаби ҳамдигарнофаҳмӣ, номуросоӣ, кӯтоҳандешамон карда будем ва баъдан аз ин кардаамон пушаймон шуда будем, вале он вақт суде надошт ва кор аз кор гузашта буд. Ва инро танҳо пас аз кушта шудани ҳазорҳо шаҳрвандонамон, бе хонаву беҷой ва дар ба дар гаштани онҳо ва расидани хисороти ҳангуфти моддию маънавӣ ба кишвар фаҳмидем ва розӣ ба сулҳ ва оштии миллӣ шудем.
Мо, тоҷикон ва тоҷикистониён, ҳаргиз набояд фаромӯш бикунем, ки дар расидани мо ба сулҳу оштӣ саҳми СММ, кишварҳои минтақа, алалхусус Федератсия Русия ва Ҷумҳурии исломии Эрон, ҷомеаи ҷаҳонӣ басо бузург мебошад ва гумон буд, ки бидуни иштироки бевоситаи онҳо ва пуштибониву дастгириҳои моддиву маънавии онҳо мо ба оромиву осудагӣ ва рӯзҳои хуш мерасидем. Вале мо ҳамзамон набояд фаромӯш бикунем, ки як сабақи омӯзандаи, ки мо аз раванди сулҳамон гирифтем, ин аст, ки набояд барои ҳалли мушкилиҳои дохилиамон кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳо ва нерӯҳои берунаро шарик бисозем. Зеро аз ҳеҷ кас пинҳон нест, ки на ҳамаи кишварҳо, созмонҳо ва нерӯҳои хориҷӣ дӯстони беғарази мо мебошанд, онҳо манфиатҳои геополитикии худро доранд. Ва мо борҳо шоҳиди он будем ва ҳоло ҳам ҳастем, ки онҳо ба корҳои дохилии кишвари мо ба таври ошкоро ва бе ҳеҷ истиҳола дахолат менамуданд ва кӯшишҳо доштанд, ки бо дасти худиҳоямон теша бар решаи ваҳдати миллиамон бизананд. Ин “дӯстони нонии” мо ҳанӯз ҳам аз ниятҳои шуми худ даст накашидааанд ва дар паси дару деворҳои мо гӯш ба қимор истодаанд ва тайёранд, ки бо истифода аз хурдтарин ҳамдигарнофаҳмиҳои мо аз он ба майлу муроди худ истифода намоянд.
Бисёр афсӯс, ки аз ин сабақ ва сабақҳои дигари сулҳи тоҷикон натанҳо баъзе аз мақомоти дахлдор, балки баъзе аз нерӯҳои сиёсӣ низ, дар айни замон ҲНИТ, ки яке аз созмонҳо дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиони тоҷик (ИНОТ) дар Музокироти сулҳ буд, ё фаромӯш кардаанд ва ё огоҳона аз он сарфи назар намудаанд.
Раёсати олии ҲНИТ, тавре ки аз матни Муроҷиатномаи он ба унвони Дабири кулли СММ, САҲА, ИА, СҲИ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи тамос бармеояд, сабаби даъвати худ аз мухотабонашро «барои мудохила ба вазъияти Тоҷикистон» дар «фишору таъкибҳо», «амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи Ҳукуматим Тоҷикистон нисбати шахсиятҳо, ҳизюҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф» дидааст. Ва дар поёни Муроҷиатномаи мазкури худ изҳор доштааст, ки тамоми талошҳояш «барои пайдо кардани роҳи ҳал дар дохили кишвар, аз ҷумла муроҷиат ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Суди олӣ ва дар ниҳоят ба Президенти Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз ин ҳама фишору қонуншиканиҳо натиҷаи мусбат надод». Агар, дарвоқеъ, чунин бошад, чунонки дар ин Муроҷиатнома оамадааст, боиси таассуф аст. Мо дар бораи он, ки навиштаҳои Раёсати олии ҲНИТ то чӣ андоза ба ҳақиқат мувофиқат дорад ва дуруст аст, қазоват карданӣ нестем.
Аммо, агар аз сари инсоф нагузарем, бояд бигӯем, ки дар моҳҳои охир якуякбора гурӯҳ-гурӯҳ аз сафи ҲНИТ хориҷ шудани аъзои он дар ин ва ё он шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ, яке аз паси дигаре баста шудани дафтари ин ҳизб ва то рафт зиёд шудани даъватҳои қатъ гардидани фаъолияти он як андоза сунъӣ ва шубҳаовар ба назар мерасад ва аз воқеият дида, бештар ба «маърака» монанд аст.
Бо вуҷуди ин ҳама, сарфи назар аз он, ки ин падидаҳо худҷӯш ва воқеӣ ҳастанд ё не, бояд ҲНИТ мушкилоти мавҷудаи худро бо мақомоти расмӣ дар дохил ҳал мекард ва аз даъвати созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ «барои мудохила ба вазъият дар Тоҷикистон» худдорӣ менамуд. Ман ба сифати як нафаре, ки шоҳиди бевоситаи воқеаҳои фоҷиаангези солҳои 90 будам ва ҳамчун узви ҳайати Музокироти сулҳ, Комиссияи муштараки отташбас ва Комиссияи оштии миллӣ бо тамоми масъулият дарк мекунам, ки ҳалли ин мушкилиҳо осон нест, бисёр душвор аст ва заҳмати зиёд ва сабру таҳаммули фавқулодаро талаб мекунанд. Аммо ҳамзамон як чизи дигарро низ медонам, ки ба ҷуз аз роҳи муколама ва гуфтушунид ва муросову мадоро дар байни худ ҳал кардани ҳама мушкилоти мавҷуда, сарфи назар аз он, ки онҳо ба чӣ андоза вазнин мебошанд, роҳи дигари безараре вуҷуд надорад. Дар омади гап ин аст сабақи нодири дигари сулҳи тоҷикон, онро низ набояд фаромӯш кард.
Шароити феълии дохили кишвар, минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як шаҳрванди ватандӯсту миллатпарасти Тоҷикистон, нерӯҳои сиёсӣ ва мардуми он бо исрор ва бештар аз ҳар вақти дигар тақозо мекунанд, ки ба қадри сулҳу салоҳ, оромию осудагӣ ва ваҳдати миллие, ки дорем, бирасем, онҳоро беш аз ҳар вақти дигар азизу муқаддас бидонем, ҳифз намоем ва ба камол бирасонем. Аз сабақҳо ва дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдатамон тамоми қишрҳои ҷомеаро бохабар созем ва онро ба унсури асосии устувори фарҳанги ҷомеаамон табдил диҳем. Агар мо имрӯз тавонем, ки ин рисолати миллиамонро иҷро намоем, бузургтарин сабақе хоҳад буд, ки аз раванди сулҳу ваҳдатамон бардоштаем.
Абдунабӣ Сатторзода, д.и.ф., профессор, узви собиқи ҳайати музокироти сулҳи тоҷикон ва Комиссияи оштии миллӣ.








Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд






