А.Солеҳзода: 21 нафар донишкадаро бо дипломи аъло хатм намуд
Душанбе,22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-78 хатмкунандае, ки бо сабабҳои гуногун дар аттестатсияи давлатии хатми соли 2015 иштирок накард ё баҳои ғайриқаноатбахш гирифт, аз донишкада хориҷ шуд,-иброз дошт ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ. 55 хатмкунанда, ки аз солҳои гузашта аз имтиҳони давлатӣ қарздор буд ё дар имтиҳони давлатӣ иштирок накарда, аз донишкада хориҷ шуда буд, имсол барқарор шуда, барои супоридани имтиҳони давлатӣ иҷозат гирифта, донишкадаро хатм намуданд.
Донишкадаро имсол 21 нафар бо дипломи аъло хатм намуд.
Инчунин Ашурбой Солеҳзода зикр намуд, ки тибқи нақшаи гузариши давра ба давраи ихтисосҳои донишкада ба низоми кредитии таҳсилот то ба имрӯз дар 6 факулта ҷараёни таълим аз рӯи 30 ихтисос тибқи низоми кредитии таҳсилот ва дар 2 ихтисос тибқи низоми анъанавӣ амалӣ гашта истодааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






