Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи 2015
Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар нимсолаи аввали соли равон ба 19,2 млрд сомонӣ ва суръати афзоиши 6,4 дарсад баробар гардид. Ин нуктаро дирӯз, 29-уми июл вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи вазорат иброз дошт.
Ба иттилои мавсуф, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14,2 дарсад зиёд мебошад. Ҳамчунин ӯ гуфт, истеҳсоли маҳсулотӣ кишварзӣ 6,9 дарсад, гардиши савдои чакана 10,9 дарсад ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 41,4 дарсадро ташкил додааст.
-Дар ин давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатии кишвар ба 5 млрд. 415,5 млн сомонӣ, аз ҷумла саноати истихроҷ 683,8 млн сомонӣ, саноати коркард 3 млрд. 378,7 млн сомонӣ, неруи барқ, газ ва об ба 1 млрд. 352,9 млн сомонӣ баробар гардид,-гуфт Неъматулло Ҳикматуллозода ба хабарнигорон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






