Ғалабаи Истиқлол бар дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон
Душанбе, 22.07.2015.(АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).- Шоми дирӯз дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо чемпиони феълии мамлакат ва чорякфиналисти Ҷоми КФО-2015 Истиқлол-и пойтахт бозии санҷишӣ гузаронд. Бозӣ дар қароргоҳи Академияи футболи клуби Истиқол, воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи чемпиони феълии мамлакат анҷом ёфт. Ёдовар мешвем, ки ҳисобро дар дақиқаи 5 бозӣ легионери испаниягии дастаи Истиқлол Мануел Бледа Родригес боз кард. Ниммуҳофизи тими миллии кишвар Нуриддин Давронов аз ҷаримаи ёздаҳметра голи дуюми чемпионҳоро ба самар расонд.
Хотиррасон менамоем, ки дар қисми дуюми бозӣ Амирҷон Сафаров голи сеюми Истиқлол-ро ба ҳадаф расонд. Бояд зикр кард, ки бозигарони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рақобати сахт нишон доданд ва дар дақиқаи 68 ҳамлагари дастаи Барқи тоҷик Ҳиматулло Мулодӯстов голи якуми тими мунтахаби ҷавононро зад. Дар дақиқаи 84 Нуриддин Ҳамроқулов ба задани голи дуюми ҷавонон муваффақ шуд, аммо бо вуҷуди кӯшишу талоши зиёди бозигарони ҳар ду даста ҳисоб то охири вохӯрӣ тағйир наёфт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






