Ғалабаи “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бар “Парвоз”-у “Канд”

Июль 27, 2015 06:24

Душанбе, 27.02.2015.(АМИТ «Ховар», Меҳрони  Қурбон).-25 июл чор бозии аввали Ҷоми Тоҷикистон бо дақиқаи хомӯшӣ ба ёди котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев, ки бар асари бемории вазнини тӯлонӣ  дар синни 36 вафот кард, шурӯъ шуданд. Барандаи феълии Ҷоми миллӣ- дастаи “Истиқлол”-и пойтахт дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро қабул карда, бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 шикаст дод. Ин ғалаба собит сохт, ки соҳиби Ҷоми мамлакат барои ҳифзи унвони чемпионии худ қадамҳои устувор мегузорад.
Бояд  зикр  кард, ки  шогирдони Мубин Эргашев аз дақиқаҳои аввал бозиро таҳти назорати худ гирифта, ба дарвозаи меҳмонони ҳавонавард 5 голи беҷавоб заданд. Ёдовар   мешавем,  ки  ду голи дастаи пойтахтро ниммуҳофизи тими мунтахаби миллии Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев ва як голиро Парвизҷон Умарбоев, Аҳтам Назаров ва Манучеҳр Ҷалилов ба самар расониданд.
Баъди ин ғалаба бо чунин ҳисоб дар бозии якум барои ба  даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромадани дастаи “Истиқлол” дигар  шубҳае намемонад. Аммо дар футбол ҳама чӣ шуданаш мумкин аст ва футболбозони дастаи пойтахтро зарур аст бартарии худро дар бозии ҷавобӣ, ки рӯзи 5 август дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мешавад, нишон диҳанд.
Дар  бозии дигар  дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд низ дар ин марҳилаи мусобиқа ба муваффақият ноил шуд. Дастаи соҳили Сирдарё дар майдони худ бар  дастаи “Канд”-и Конибодом, ки дар Ҷоми Тоҷикистон лигаи якуми мамлакатро намояндагӣ мекунад, бо ҳисоби калони нӯҳ бар як пирӯз шуд.Хотиррасон  менамоем, ки   се  бозингари  хуҷандӣ — Дилшод Каримов, Аҳтам Ҳамроқулов ва Ҷаҳонгир Эргашев ду голӣ ва се нафари дигар — Комрони Мирзохон, Икром Каримҷонов ва Дилшод Бозоров як голӣ ба дарвозаи дастаи шаҳри Конибодом заданд. Голи пурнуфузи меҳмононро Азиз Баҳронов ба самар расонд.
Ёдовар  мешавем, ки  дар бозии  дигар  байни дастаҳои “Панҷшер”-и Румӣ ва КМВА “Помир”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷ. Румӣ баргузор  шуд, бо ҳисоби  мусовӣ- 2 бар 2  ба   анҷом расид. Дастаи  “Хайр”-и Ваҳдат дар сафар дастаи “Саройкамар” -ро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст  дод.

 

Июль 27, 2015 06:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!