Ҳалокати 28 нафар дар натиҷаи 43 ҳолати фавқулода
Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар натиҷаи 43 ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ дар нимсолаи аввали соли 2015 28 (2014-27) нафар ба ҳалокат расидааст. Аз ин шумора 5 ҳолати фавқулода ба ВМКБ, 10 адад ба Хатлон, 10-то ба Суғд, 9-то Рашт, 5-то ба Ҳисор, 4 адад ба Душанбе рост меояд. Маблағи хисорот аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ 174 млн. 318 ҳазору 200 сомониро ташкил дод.
Тавре ки аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ доданд, сол ба сол афзоиш ёфтани ҳодисаҳои ғарқшавии одамон боиси ташвиш гардидааст. Ҳарчанд дар давоми се соли охир ба ин масъала диққати махсус дода мешавад ва қабл аз мавсими оббозӣ кумита тадбир меандешад, шумораи ғарқшудагон аз 31 нафар дар соли 2014 ба 54 нафар дар 6 моҳи соли равон расидааст.
15 ҳодисаи раъду барқ ва зарбазанӣ ба одамон ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он 10 нафар фавтида, 7 нафар маҷрўҳ гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






