Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар нимсолаи аввали соли 2015
Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар нимсолаи аввали соли равон ҷаласаи корӣ доир гардид. Оид ба дастоварду пешравиҳо ва мушкилоту норасоиҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар моҳҳои январ-июни соли равон гузориши вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.
Тавре ки таъкид гардид, новобаста аз вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ноустувории иқтисоди давлатҳои шарики савдои Тоҷикистон ва дигар омилҳои берунӣ дар ин давра қисми даромади буҷети давлатӣ 96,7 фоиз иҷро гардидааст, ки ин нисбат ба нақша 235 млн сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 847 млн сомонӣ зиёд мебошад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бошад дар ин давра ҳамчунин ба 19 млрд. 185 млн. сомонӣ баробар шудааст.
Доир ба натиҷаҳои рушди шашмоҳаи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои молия, андоз, гумрук, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҳисобот доданд.
Сарвазири мамлакат барои таъмини иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ, мусоидат ба ҷараёни барқарорсозии оқибатҳои офатҳои табиии рўзҳои охир дар мамлакат рухдода, таъмини иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ва андоз, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, таъмини саривақтии маош ва нафақа ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






