Амири бомбгузорони маргталаби ДИИШ кушта шуд

Июль 4, 2015 03:38

Душанбе, 04.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода).- Ҷеф Девис, сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико  эълом кард, ки Ториқ Бин Тоҳир  Алъавнӣ Алхаразӣ, шаҳрванди 33 солаи Тунис, яке аз саркардагони ДИИШ дар ҳамлаи хавоии неруҳои эътилоф дар Сурия кушта шуд. Вай ҳамоҳангкунандаи бомбгузориҳои маргталабона ва масъули ҷазби неру ва манбаъҳои молӣ барои ДИИШ дар Ироқ ва ирсоли аслиҳа аз Либия ба Сурия  буда, бо номи «Амири бомбгузорони маргталаб » машҳур буд. Артиши Амрико барои сари ин узви ДИИШ се миллион доллар  ҷоиза таъйин карда буд. 

 

Июль 4, 2015 03:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд