Ҷамъоварии ёриҳо барои осебдидаҳои офати табиӣ аз ҷониби аъзои ҲХДТ
Душанбе, 24.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар пайи кумакҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидаҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ки бар асари он 7 нафар қурбону даҳҳо хона вайрону валангор шудаанд, бо ибтикори дастгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ба осебдидаҳои навоҳии Шуғнону Ванҷ ёрии молиявӣ расонда шуд.
Чуноне ки котиби матбуотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳ ба хабаргузории АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бо шунидани хабари нохуши офати табиӣ дар навоҳии ВМКБ ташкилоти ҳизб дар саросари мамлакат ба иқдоми хайр даст зада, дар як муддати кўтоҳ барои ниёзмандон маблағи зиёда аз 60 ҳазор сомонӣ ва дигар маводи мавриди ниёзи аввалро ҷамъ оварданд.
Кумаки мазкурро муовини раиси ҲХДТ А. Латифзода, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» А. Раҳмонзода ва раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон А. Ализода имрўз ба зарардидаҳои селу обхезии вилоят ирсол намуданд. Дар маҷмӯъ молу озуқа ва маблағи ҷамъовардаи ҳизбиён ба 80 оилаи осебдида ва 7 хонаводае, ки талафоти ҷонӣ дидаанд, тақсим карда шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Қ. Ҷонибеков, ки зимни расонидани кумакҳо дар навоҳии Шуғнону Ванҷ ҳузур дошт, ба мақомоти раҳбарии ҳизб изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҷамъоварии ёриҳо барои осебдидаҳои офати табиӣ аз ҷониби аъзои ҲХДТ дар саросари ҷумҳурӣ идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






