Ҳасан Ҳайдар — барандаи озмуни «Гренландия»
Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Ҳасан Ҳайдар дар Фестивал-озмуни умумирусиягии сурудҳои муаллифии «Гренландия» бо суруди «Ғалаба» («Победа»), ки дар доираи таҷлили 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон шуда буд, барандаи озмун гардид.
Фестивал-озмуни мазкур аллакай бори 23-юм аст, ки таҷлил гардида, дар он ҳунармандон аз тамоми манотиқи Федератсияи Русия ва хориҷи дуру наздик ширкат меварзанд.
Ҳасан Ҳайдар аз ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ягона ҳунарманде мебошад, ки дар ин озмун ғолиб гардид.
Барандагон ва ғолибони мардумии озмун моҳи равон дар Гала-консерти «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш нашудааст» дар майдони фестивалии «Гренландия»-и вилояти Киров ширкат хоҳанд варзид.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






