Б.Ғафуров: таъсиси зиёда аз 5 000 ҷои кор аз оғози сол
Б.Ғафуров, 06.07.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави ноҳия баробари ба истифода дддани коргоҳҳои нави саноатӣ, таъсиси хоҷагиҳои нави инфиродии оилавӣ ва баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ 5304 ҷойи кор таъсис дода шуд.
Оид ба ин масъала ва паҳлӯҳои дигари фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия имрӯз, 6 июл зимни баргузории нишасти хабарӣ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдусамад Манонзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
-Инчунин новобаста аз иҷро нагардидани нақшаи 4 намуди андоз, қисми даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 106,5% иҷро шуда, воридот 68,8 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 4,2 миллион сомонӣ зиёд буда, ҳамзамон буҷети маҳаллӣ 103,9 % иҷро гардидааст, — илова намуд манбаъ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






