Ба зарардидагони Рашт беш аз 100 тонна семент ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд
Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ «Ховар»). -Субҳи имрӯз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба маҳалли аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рашт сафар кард. Хотиррасон бояд кард, ки 20 июли соли равон бар асари боришоти зиёд ва фаромадани сел дар деҳаҳои Ҳалқарф ва Бедаки ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт манзилҳои истиқоматӣ, роҳ, хатҳои интиқоли барқ, иншооти обрасон ва дигар иншооти таъйиноти гуногун хароб гардида, як талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд.
Ҳодиса нимаи дуюми рўз ба вуқуъ пайваста, бар асари он тибқи маълумоти пешакӣ зиёда аз 50 манзили истиқоматӣ пурраю қисман, беш аз ду километр роҳҳои маҳалӣ, 6 км хатҳои интиқоли барқ, зиёда аз 5 км хатҳои обгузару иншооти обрасон ва дигар иншооти хоҷагии халқ хароб мегарданд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо гурўҳи кории ҳукумати ҷумҳурӣ дар аввал ба хонаи нафари ҳалокшуда ташриф оварда, ба ин оила таъзия ва кумаки пулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расонид. Ҳамчунин дар ин рўз кумакҳои Сарвари давлат дар ҳаҷми беш аз 38 тонна маҳсулоти хўрокӣ, маводи аввалияи рўзгор, хайма ва сўзишворӣ ба зарардидагон дастрас шуд.
Бегоҳии имрўз бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ба маҳалли офатзадаи ноҳияи Рашт беш аз сад тонна семент ва дигар масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд.
Ҳоло дар деҳаи Ҳалқарф барои зарардидагон бунёди шаҳраки хаймаҳо оғоз шуда, дар ҳамин деҳа аллакай барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ 8 гектар замин ҷудо гаштааст. Дар маҳали ҳодиса мутахассисони сохторҳои роҳу нақлиёт, энергетика, ҳолатҳои фавқулода ва тандурустӣ сафарбар гардида, ба мардуми эҳтиёҷманд хизмат мерасонанд.
Дар анҷоми боздид аз маҳалҳои офатзада ҷаласаи ситоди сайёри ҷумҳуриявӣ доир гардид. Сарвазири мамлакат дар ситод роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияро барои сари вақт таъмин кардани аҳолии зарардида бо барқу об, хайма, маводи ғизоӣ ва дигар ашёи зарурии рўзгор вазифадор намуд.








Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад






