Ба зиёда аз 1000 шаҳрванди ҷумҳурӣ иҷозаи вуруди дубора ба РФ дода шуд
Душанбе, 03.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Зиёда аз 1000 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ иҷозаи дубора ба Русия рафтанро дарёфт намуд. Аз ҷумла, ба 190 нафар донишҷӯёне, ки дар омўзишгоҳҳои ФР таҳсил менамуданд, бо кумак ва мусоидати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода, роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский ва сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ин имтиёз дода шуд.
Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллоҳи Қодирӣ, 2 июл ба унвони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мактуби расмӣ аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ворид гардид.
Бино ба гуфтаи сарчашма, гуфтушунидҳо бо ҷониби Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирон ва аз руйхати мамнуъшудагон баровардани онҳо идома дошта, шаҳрвандон метавонанд аз рўйи 5 категория (табақа) ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Барои бартараф кардани мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандоне, ки воридшавии онҳо ба ФР манъ шудааст, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли ҶТ дар якҷоягӣ бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия гурўҳи экспертӣ ташкил карда, аз рўйи 5 табақа шаҳрвандон аз рўйхати манъшудагон озод мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






