Бар асари обхезӣ 16 нафар дар Покистон ҳалок гардид
Душанбе, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бар асари боришоти пайдарҳами борон дар вилояти Хайбар-Пахтунхвои Ҷумҳурии Исломии Покистон обхезӣ ба амал омад, ки дар натиҷа 16 кас ҳалок гардид.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, боришоти беисти борон обхезӣ дар ин минтақаро вусъат дода, ба минтақаҳои аҳолинишин хисорот ворид кардааст.
Дар пайи ин офати табиӣ чандин муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои маъмурӣ низ муваққатан аз фаъолият боз монданд. Ҳавошиносон дар бораи таҳдиди боришоти зиёди борон дар баъзе минтақаҳои Покистон мардумро огоҳ карда буданд. Инчунин дар натиҷаи ин офати табиӣ роҳҳои нақлиётӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва дигар иншоот низ хисорот дидаанд.
Бояд гуфт, ки садҳо нафар сокинони зардида маҷбур шуданд, ки манзилҳои зисти худро тарк карда, ба маҳалҳои нисбатан бехавф кӯчанд.
Кормандони хадамоти наҷотдиҳӣ ва ҳолатҳои фавқулода дар маҳалҳои зарардидаи обхезӣ фаъолият доранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






