Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Барак Обама

Июль 4, 2015 04:08

Душанбе, 04.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ, 
Табрикоти самимии маро ба муносибати Иди миллии кишвар – 239-умин солгарди Рузи истиқлолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро – қабул фармоед.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши робитаҳои дарозмуддати босуботи дўстӣ ва ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манфиатдор  монда, ба вазъи муносибатҳои дуҷониба таваҷҷўҳи пайваста зоҳир менамояд. 
Боиси хушнудист, ки раванди ҳамкории судманди байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имрўз фарогири бисёр соҳаҳои сиёсӣ, амниятию низомӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ гардидаанд. Дар ин росто ҳамкории пурмаҳсули ҷонибҳоро дар масъалаҳои гуногуни таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои глобалӣ низ хуб арзёбӣ менамоем. 
Мутмаинам, ки бо саъю эҳтимоми ҳар ду тараф ҳамёрии мо дар ояндаи наздик ҷанбаҳои нави ҳамкории мутақобилан судмандро фаро хоҳад гирифт. Ҷониби мо дар ин самт саъю кўшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.
 Бо ибрози орзўҳои беҳтарин ба ҷаноби Президент сиҳатии комил ва пирўзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дўсти Амрико – пешрафту шукуфоӣ орзумандам».

Июль 4, 2015 04:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд