Барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ 114 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд
Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Аз ҷониби кормандони хадамот барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ 114 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 83 ҳазору 120 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ Раҳим Санъат Асо хабар дод.
Дар давраи ҳисоботӣ дар корхонаҳои зериназоратӣ аз тарафи нозироти марказӣ 95 ва нозироти комплексӣ 91 ҷаласа ва маърӯзаҳо оид ба талаботи бехатарии саноатӣ, ҳифзи меҳнат ва фаҳмондани моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» гузаронида шудааст.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки аз тарафи нозироти хадамот 7 ҳодисаи нохуш ва як садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба онҳо тафтишоти махсуси техникиро ба анҷом расониданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






