Барои таҷҳизоти терминалӣ бояд боҷҳои гумрукии имтиёзнок муайян шаванд
Душанбе, 07.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Барои рушди минбаъдаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҶТ барои таҷҳизоти терминалии воридшаванда боҷҳои гумрукии имтиёзнок бояд муайян шаванд. Ин ва дигар масъалаҳои мубрам дар мизи мудаввари Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар он намояндагони ташкилоти қарзӣ ва ширкатҳои таҳвилгарони таҷҳизоти терминалӣ ширкат доштанд.
Дар мизи мудаввар зикр гардид, ки барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ бояд шабакаҳои терминалӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёд гардида, дастрасии аҳолӣ ба онҳо ба роҳ монда шавад, барои муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки бо истифодаи кортҳои пардохтӣ тавассути терминалҳо пардохтҳоро барои хариди мол ва хизматрасонӣ қабул мекунанд, андозҳои имтиёзнок муқаррар шаванд ва дониши молиявии аҳолӣ баланд бардошта шавад.
Дар ҷараёни кори мизи мудаввар таҳвилгарони таҷҳизоти терминалӣ ба иштирокдорони он терминалҳои электронии ширкатҳои PAX Technology LTD, Verifone ва Ingenico-ро муаррифӣ намуданд.
Зикр гардид, ки барои амалӣ шудани ин масъалаҳо иштироки фаъоли ҳамаи тарафҳои манфиатдор, аз қабили Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад. Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва ташкилоти қарзӣ бояд корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро барои ба таври васеъ истифода бурдани технологияи муосири пардохтӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ҷоннок намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






