Барои таҷҳизоти терминалӣ бояд боҷҳои гумрукии имтиёзнок муайян шаванд

Июль 7, 2015 11:33

Душанбе, 07.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Барои рушди минбаъдаи  пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҶТ барои таҷҳизоти терминалии воридшаванда боҷҳои гумрукии имтиёзнок бояд муайян  шаванд. Ин ва дигар масъалаҳои мубрам   дар мизи мудаввари  Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар он намояндагони ташкилоти қарзӣ ва ширкатҳои таҳвилгарони таҷҳизоти терминалӣ ширкат доштанд. 
Дар  мизи мудаввар зикр гардид, ки барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ  бояд шабакаҳои терминалӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёд гардида, дастрасии аҳолӣ ба онҳо ба роҳ монда шавад, барои муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки бо истифодаи кортҳои пардохтӣ тавассути терминалҳо пардохтҳоро барои хариди мол ва хизматрасонӣ қабул мекунанд, андозҳои имтиёзнок муқаррар  шаванд  ва дониши молиявии аҳолӣ баланд бардошта шавад. 
Дар ҷараёни кори мизи мудаввар таҳвилгарони таҷҳизоти терминалӣ ба иштирокдорони он терминалҳои электронии ширкатҳои PAX Technology LTD, Verifone ва Ingenico-ро муаррифӣ намуданд. 
Зикр гардид, ки барои амалӣ шудани ин масъалаҳо иштироки фаъоли ҳамаи тарафҳои манфиатдор, аз қабили Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад. Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва ташкилоти қарзӣ бояд корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро барои ба таври васеъ истифода бурдани технологияи муосири пардохтӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ҷоннок намоянд.

 

Июль 7, 2015 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид