Баррасии беш аз 30 лоиҳаҳои геологӣ аз ҷониби Шӯрои илмӣ-техникӣ

Июль 7, 2015 06:42

Душанбе, 07.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Барои дастгирӣ ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар самти истифодабарии қаъри замин дар шашмоҳаи соли равон дар Шўрои илмӣ-техникӣ 20 ҳисоботи геологӣ ва 12 лоиҳаи корӣ оид ба омӯзиши геологӣ баррасӣ шуданд,-изҳор намуд 7 июл дар ҷамъбасти нимсолаи Саридораи геологияи тоҷик Ҷумъазод Мурод Хол, сардори саридораи мазкур. 
Ба иттилои сардори Саридора ба комиссияи давлатӣ  оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок 20 мавод барои баррасӣ ворид шуда, дар натиҷа   захираҳо аз рўи категорияҳои гуногун ҳисобӣ шуда, тарози давлат аз ҳисоби сурма-333517 тонна,  хок-287790,5м3 ва регу шағал-585887м3 ғанӣ гардид.
Ба таъкиди Мурод Хол, саридора ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба бастани қарордоди истифодаи қаъри замин ба баррасии Комиссия оид ба гузаронидани ташхиси ҳатмии андоз дар назди Вазорати молия 41 лоиҳаи қарордод барои муайян намудани бонуси обунавӣ, бонуси кашфи тиҷоратӣ ва роялтӣ ирсол намуд. Дар йни замон дар комиссияи мазкур 33 лоиҳаи қарордод мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо 34 ширкат қарордод оид ба пардохти бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ баста шудааст,-гуфт  ӯ дар хатми нишасти хабарӣ.
 

Июль 7, 2015 06:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд