Баррасии тағйирёбии иқлим дар маҳфили экожурналистон

Июль 30, 2015 10:01

Душанбе, 30.07.2015 (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- 29 июл дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маҳфили экожурналистон» бо иштироки  20 хабарнигор доир шуд. Муовини раиси кумита Ойхон Шарифова мақсад ва зарурати ташкили маҳфилро баён намуд.        Дар  маҳфил дар мавзӯъҳои «Таъсири тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёт, захираҳои обӣ ва пиряхҳо», «Тағйирёбии иқлим», «Пешгўии офатҳои табиӣ», «Кўлҳои пиряхӣ ва селҳои гилитсиологӣ дар Тоҷикистон» маърӯзаҳо шунида шуданд.
Зикр шуд, ки сабаб ва омилҳои асосии рўй додани хавфи экологӣ  асосан аз истифодаи  заминҳое, ки нишебии  аз 15% зиёдро ташкил мекунанд, иборат буда, боиси кандашавии кўҳпора,  яъне ярч мегарданд, ба аҳолӣ ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд. Инчунин боиси нобудшавии олами наботот ва дигар  системаҳои табиии экологӣ мегарданд. 
Обёрии заминҳо ба воситаи ҷӯйбор ва қубурҳо дар талу теппаҳо ҳангоми корношоям гаштани қубур ва вайроншавии ҷӯйбор боиси пайдоиши кўчиши ярч мегардад. Партофтани партовҳои бесоҳиб ба селроҳаҳо  боиси пуршавии сойҳо гашта, ҳангоми боришоти  зиёд сел  маҷрои худро иваз мекунад. Худсарона ишғол намудани қитъаи заминҳои талу теппа ва сохти гелогии хокро надониста, обёрӣ намудани ин гуна заминҳо низ боиси кӯчиши заминҳо мегардад.   
Боиси зикр аст, ки солҳои охир сари вақт нагузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қитъаҳои нисбатан хатарноки соҳили дарёҳо бо нишондоди мушоҳидаҳои чандинсола ва хусусиятҳои гидрологии дарёҳо,  таъсирҳои антропогенӣ ба муҳити зист, аз ҷумла замин, ҷангал ва манбаъҳои обӣ ба зиёдшавии селҳо дар мавсими обхезӣ мусоидат мекунад.
Дигар ин, ки сари вақт аз тарафи мақомоти дахлдор тоза накардани маҷрои дарёҳое, ки аз маҳалҳои аҳолинишин мегузаранд ва сари вақт муайян, омўзиш ва пешгўӣ накардани мавзеъҳои аз нигоҳи экологӣ хатарнок боиси харобиҳо мегарданд.
Баландшавии ҳарорати гармӣ дар баландкўҳҳо аз +23° то +26° ва дар ҳавзаҳои болоби баландкўҳҳо  зиёда  аз 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиршавии пиряхҳо боиси зиёдшавии сатҳи оби дарёҳо гашта, дар натиҷа ҳодисаҳои офатҳои табиӣ, ба монанди обхезӣ, зериобмонӣ ва ботлоқшавии заминҳо рух медиҳанд.
Дар давраи 1-6 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ  ҳаво нисбат ба солҳои қаблӣ гарм гардид, ки аз ҳарорати миёнаи бисёрсола +2 то +50 баланд шуд. Ҳарорати рўзона аз  +40 то +460 гарм шуд. Дар шаҳри Душанбе дар давраҳои 1-5, 12-13 ва 15-16 июл ҳарорати рўзонаи ҳаво +40 то +420 гармиро ташкил дод. 
Обу ҳавои ғайримуқаррарӣ дар нимаи аввали моҳи июл ба ҷараёнҳои осиёимиёнагии депрессивӣ асос гузошт. Давомнокии миёнаи чунин ҷараёни обу ҳаво 3-7 рўзро ташкил медиҳад. Таҳлили шароитҳои аэрологии обу ҳавои нимаи аввали моҳи июли соли 2015 нишон дод, ки ин ҷараён дар соли равон 15 рўз идома ёфта, чунин намуди ҷараёнҳо ҳолати ғайримуқаррарӣ ба ҳисоб мераванд. Такрорёбии ин намуд ҳарорати умумии сифати тобистонро муайян мекунад: ҳар қадар, ки тобистон гарм шавад, чунин ҷараён такрор меёбад. Дар шароитҳои Тоҷикистон ҳарорати ниҳоии ҳаво рўз то рўз баланд шуда, дар водиҳо (ҳамчунин ноҳияи Дарвоз) ба +430, дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон ба +44 то +480 гармӣ расид. 
Дар ҳамин давра соли 1944 барои қисми зиёди Осиёи Миёна, аз ҷумла ҷануби Тоҷикистон ҳарорати ниҳоии гармии ҳаво ба ҳисоб рафта, гармии он то 43+47,70 расида буд. 
Дар ш. Душанбе соли 1944 шумораи ниҳоии рўзҳо бо ҳарорати +400 ва зиёда аз ин 13 рўз, дар соли 2015 танҳо дар моҳҳои июну июл 11 рўзро ташкил дод. 
Солҳои 1944, 1977, 1983  аксари стансияҳо шумораи аз ҳама зиёди рўзҳоро бо гармии аз +400 баланд ба қайд гирифтанд.  Соли 1977 гармии баланд дар ноҳияҳои  Шаҳритус 53 рӯз ва дар  Панҷ 26 рўз идома ёфт.
Гармии баландтарини солҳои 1944 ва 2015 ба ҳамбастагии чунин омилҳо вобаста мебошад: ҳарорати баланди ҳавои тропикие, ки аз Эрон ва Арабистони Саудӣ бармеоянд.
Ҳарорати баланди ҳаво боиси тез об шудани барфҳо, захираҳои ях ва фароҳам овардани шароит барои омадани сел мешавад. Асосан омадани чунин селҳо ба обшавии пиряхҳо ва канда шудани кӯлҳои назди пиряхҳо вобастагӣ дорад.
Болоравии ҳарорати гармии ҳаво дар ш. Хоруғ в н. Шуғнон дар давраи 1-15 июли соли 2015 сабаби зуд об шудани барфҳо, захираҳои ях, боиси баландшавии сатҳи об дар дарёи Ғунд гардид. Дар ин давра ҳарорати ҳаво дар Хоруғ то 35+380, Навобод то 30+350 боло рафта, ҳарорати миёнаи шабонарўзии ҳаво аз ҳарорати миёнаи бисёрсола 4+60 зиёдтар буд.

 

Июль 30, 2015 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад