Беҳтарин мактаби ҷумҳурӣ-туҳфа ба фарзандони бунёдкорони НБО Роғун
Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Роғун ба истифода дода шуд, ки он яке аз калонтарин муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна дар миқёси кишварамон мебошад.
Муассисаи таълимие, ки имрўз барои 2600 нафар хонанда ба истифода супорида шуд, ба маблағи умумии кариб бисту се миллион сомонӣ қомат афрохта, аз шаш бинои таълимӣ, 33 синфхона, аз ҷумла 3 синфхонаи компютерӣ, утоқҳои фаннӣ, 2 толори варзишӣ, толори маҷлисгоҳ, китобхона ва ошхона, инчунин ду майдони варзишӣ иборат аст.
Сарвари дав лат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Роғун гуфт, ки барои шогирдони мактаб – фарзандони онҳое, ки бузургтарин иншооти энергетикии мамлакатамонро бунёд мекунанд ва баҳрабардории ояндаи онро таъмин месозанд, ҳамаи шароити зарурии донишомўзӣ, азхуд кардани касбу ҳунар ва машғул шудан бо варзиш дар сатҳи беҳтарин фароҳам оварда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Роғун ҳоло 46 муассисаи таълимӣ, коллеҷи муҳандисӣ-техникӣ, гурўҳи мақсадноки коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, мактаб — интернати бачагони болаёқат, хонаи кўдакон ва Маркази эҷодии кўдакону наврасон ба таълиму тарбияи насли наврас ва омода кардани мутахассисон машғул мебошанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






