Беш аз 100 бурсияи Чин ба довталабони тоҷик

Июль 8, 2015 09:16

Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-  Ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар як силсила корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, дар асоси ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар соҳаи маориф ва илм аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия 687 бурсия ва аз Ҷумҳурии Қирғизистон 55 ҷой ҷудо гардидааст.
Бино ба иттилои вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид дар соли таҳсили 2015-2016 аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон 189 бурсияи таҳсилӣ ҷудо гардида, имтиҳони қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Чин моҳи  марти соли равон дар сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар ҶТ доир гардид.

Июль 8, 2015 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд