БМТ: Андозаи ҳадди ақали сармояи ТАҚХ 6 млн сомонӣ муқаррар шуд

Июль 8, 2015 04:04

  Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Бо мақсади дар заминаи муттаҳиднамоии фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва ба роҳ мондани танзими самараноки фаъолияти онҳо, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори худ “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд” тағйирот ворид намуд ва дар асоси он барои ташкилотҳои амонатии қарзии хурди навтаъсис андозаи ҳадди ақали сармояи оинномавӣ ба маблағи 6 000 000 (шаш миллион) сомонӣ муқаррар карда мешавад. 
    Ҳамчунин бо қарори дигари Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Дастурамал «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд» тағйирот ворид шуд, ки дар асоси он барои ташкилотҳои қарзии хурди навтаъсис андозаи ҳадди ақали сармояи оинномавӣ ба маблағи 4 000 000 (чор миллион) сомонӣ муқаррар карда мешавад. 
    

 

Июль 8, 2015 04:04

Хабарҳои дигари ин бахш