Боздиди Сарвазир аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа
Душанбе, 03.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносоии бевосита бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа дидан кард.
Тавре ки иттилоъ дода шуд, дар айни замон дар ин қитъаи роҳ корҳои сохтмони нақбҳо оғоз гардида, омодагӣ барои шурӯи корҳо дар пулҳои ин лоиҳа идома дорад. Мувофиқи иттилои масъулини лоиҳа то имрўз аз аввали сохтмон дар масофаи 33,26 км таҳкурсии роҳ омода гардида, дар 11,85 км қисми болоии роҳ насб карда шудааст.
Роҳбарият ва масъулини корҳои роҳсозӣ барои шурӯи корҳои нақбканӣ аз ду ҷониб дар се нақби нисбатан тўлонӣ, сари вақт оғоз кардани сохтмони панҷ адад пули дарозии умумияшон 681 метр ва анҷоми босифати тамоми корҳои заминӣ дар муҳлатҳои муқараргардида вазифадор шуданд.
Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни сохтмони корхонаи криолит, корхонаҳои семент ва масолеҳи дигари сохтмонӣ шинос шуд. Сохтмони ин корхонаҳо дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди саноати кимиёвӣ, коркарди ашёи хоми маҳалӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори саноатии мамлакат пеш гирифта, дар шуда ояндаи наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






