Бозии “Истиқлол”-ва “Хайр”-ро доварон аз Эрон ҳакамӣ мекунанд
Душанбе,13.07.2015.(АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон).- Рефери ФИФА аз шаҳри Душанбе Парвиз Муртазоев барои шомил шудан ба рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё даври дуюми санҷишро мегузаронад.
Хотиррасон менамоем, ки ин маротиба довар Парвиз Муртазоевро рекрутори КФО Аскари Милаҷерди Ҳусайн аз Эрон назорат мекунад. Рекрутори эронӣ ҳакамии довари моро дар бозии даври ёздаҳуми чемпионати Тоҷикистон байни чемпиони секаратаи мамлакат дастаи“Истиқлол”-и пойтахт ва витсе-чемпиони феълӣ- дастаи“Хайр”-и Ваҳдат, ки рӯзи 9 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад, назорат хоҳад кард. Ҳоло ёварони Муртазоев дар ин бозӣ аз ҷониби Лигаи миллии футболи Тоҷикистон муайян нашудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали санҷиши рекруторӣ, ҳакамии Муртазоев дар бозии даври шашуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаи“Барқи тоҷик” ва КМВА “Помир” (0:1), ки рӯзи 17 май дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, аз ҷониби рекрутори КФО Али Аҳмад Ал-Траифи аз давлати Арабистони Саудӣ хуб баҳогузорӣ шуд.
Бояд зикр кард, ки барои шомил шудан ба рӯйхати доварони баргузидаи КФО Парвиз Муртазоев бояд аз се давраи санҷиши рекруторӣ гузарад. Дар айни замон аз Тоҷикистон танҳо Баҳром Саъдуллоев аз Қурғонтеппа шомили ин рӯйхат мебошад. Доварони аъзои рӯйхати доварони баргузидаи ФИФА ҳуқуқи ҳакамӣ намудани бозиҳои мусобиқаҳои байналмилалии КФО ва ФИФА-ро соҳиб мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






