Бозомӯзии 456 имомхатиб дар марказҳои исломии ҷумҳурӣ
Душанбе, 07.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ходимони динӣ 456 имомхатибу имоми масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро ба курсҳои бозомўзӣ дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.
Ба иттилои раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар курси бозомўзӣ устодон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ” дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони Кумитаи оид ба корҳои дин ва Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ақида, фиқҳ, ҳадис, усули мавъиза, қироату таҷвиди Қуръон, тоҷикон дар масири таърих, худшиносии миллӣ, одоби касбӣ, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти аслии “ҷиҳод”-и Сурияву Ироқ ва дигар паҳлуҳои масоили мазҳабӣ маърӯза карданд.
Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотии ин кумита хабар дода шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






