Бунёди як қатор иншооти иҷтимоӣ ва фароғатӣ дар шаҳри Роғун

Июль 15, 2015 03:58

Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Аз мушоҳидаҳои имрўза бармеояд, ки баъди сафари кории Роҳбари давлат дар соли 2012 дар самти ободонии шаҳри Роғун хеле корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. 
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Роғун иттилоъ дод, ки дар ин давра сохтмони 5 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ ба анҷом расида, ҳоло мавриди истифода қарор доранд.
Ҳамзамон бо ин, сохтмони боғи фарҳангу фароғат дар маркази шаҳр, осорхона, маркази эҷодии бачагон, китобхона, мактаби мусиқӣ, идораи фарҳанг, меҳмонхона, намояндагии “Ориёнбонк” ва суди шаҳрӣ ба анҷом расида, роҳҳои дохилии шаҳри Роғун ва шаҳраки Обигарм таъмир карда шудаанд. 
Илова ба ин, бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохтмони пул дар деҳаи Қади Об, таъмири роҳи шашкилометраи деҳаи Ҷавонӣ ва бунёди хатти оби нўшокӣ дар деҳаи Чашмаи Кулло ба масофаи беш аз ҳафт километр ба анҷом расонида шуд. 
Бо маблағгузории шарикони рушд сохтмони хатти оби нўшокӣ дар 11 деҳаи шаҳр, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Чашмаи Кулло, сехи дўзандагӣ ва таъмири бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Қандак, Деҳқонобод, Фаррух, бунёди коргоҳи коркарди мева дар деҳаи Дебистон ва таъмири шабакаи гармидиҳии мактаби таҳсилоти умумии рақами 28 амалӣ гардидааст.
То охири соли ҷорӣ азнавсозии Қасри фарҳанг, бунёди боғи истироҳатии ба номи Исмоили Сомонӣ, барқарорсозии нуқтаҳои равшанидиҳандаи майдони асосӣ ва кўчаҳои шаҳри Роғун ба нақша гирифта шудааст. 
  

 

Июль 15, 2015 03:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад