Дар 15 корхонаи истеҳсолӣ низоми идораи сифат аз рӯи стандарти байналмилалӣ ҷорӣ гардид

Июль 10, 2015 04:40

Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).-Дар давоми соли 2015 бо мақсади дастгирии рушди истеҳсолоти ватанӣ, ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазир, ҳамзамон баланд бардоштани имконоти содиротии мамлакат татбиқи “Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013 — 2015” идома ёфта,  дар асоси нақшаи барномаи мазкур дар 15 корхонаи истеҳсолӣ тибқи феҳристи Барнома  низоми идоракунии сифат аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ ҷорӣ карда шуд.Дар ин бора Ибодулло Қурбониён, директори «Тоҷикстандарт» 10 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 
Ҳамзамон дар заминаи дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ аз тарафи шуъбаи стандартонӣ ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ 4100 саҳифа ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳамчун омили баланд бардоштани сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ ба субъектҳои хоҷагидор таъмин карда шуда, дар ин давра аз тарафи мутахассисон 75 лоиҳаи стандартҳои байнидавлатӣ(ГОСТ) низ баррасӣ карда шуданд.

 

Июль 10, 2015 04:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад