Дар Хатлон ҳаракати мошинҳои калонҳаҷми боркаш рӯзона маҳдуд шудааст
Қӯрғонтеппа, 02.07.15. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Ин маҳдудият муваққатӣ буда, то 31 август идома меёбад.
Тавре ки нозири калони давлатии автомобилии шуъбаи тарғибу назорати Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ин чорабинӣ мутобиқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи манъи ҳаракати мошинҳои калонҳаҷми боркаш дар фасли тобистон аз соати 10.00 пагоҳӣ то соати 22.00 бегоҳӣ роҳандозӣ шудааст.
Чорабинии мазкур имкон медиҳад, ки роҳҳои мошингард дар ҳолати беҳбуд ва қобили истифода нигоҳ дошта шаванд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






