Дар Хатлон арзиши обёрии як гектар замин 66,5 сомонӣ аст
Қӯрғонтеппа, 15.07.15. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Деҳқонони вилояти Хатлон барои обёрии як гектар замин 66.5 сомонӣ харҷ мекунанд, — гуфт муовини сардори Раёсати обёрии вилояти Хатлон Шамсиддин Гадоев.
Ба гуфтаи мавсуф, барои обёрии киштзор 17 миллиону 754 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар нимаи аввали сол бо истифода аз ҳисобкунакҳои барқии марказҳои обкашӣ беш аз 16 миллион сомонӣ сарфа гардид.
«То имрӯз на дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят ҳисобкунакҳои барқӣ насб шудаанд. Дар баъзе ноҳияҳо тамоюли афзудани қарзҳо барои истифодаи нерӯи барқ ба назар мерасад», — гуфт Шамсиддин Гадоев.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






