Дар Мосул 45 ҷангҷӯи ДИИШ пас аз ифтори Рамазон аз заҳролудшавӣ ҳалок гашт
Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Мосули Ироқ зиёда аз 45 ҷангҷӯи ДИИШ пас аз хӯрдани ифтори Рамазон ҳалок шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, дар ифтор 145 ҷангҷӯи ДИИШ ҳузур дошт, ки пас аз хӯрдани ифтор дере нагузашта 45 нафараш фавтид. Тафсилоти ин ҳодиса то ҳол муайян нагардидааст, вале эҳтимол меравад, сокинони маҳаллӣ, ки зери зулми ДИИШ қарор доштанд, ба онҳо заҳр додаанд.
Ёдовар мешавем, ки ин бори аввал нест, ки ҷангҷӯёни ДИИШ аз заҳролудшавии хӯрок ҳалок мешаванд. Моҳи ноябри соли гузашта сарбозони ихтиёрии артиши Сурия ҳамчун ошпаз ба бошишгоҳи ҷангҷӯёни ДИИШ даромада, хӯроки нисфирӯзии онҳоро заҳролуд карда буданд. Дар натиҷа теъдоди зиёди ҷангҷӯёни ДИИШ ҳалок гашт.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






