Дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Афғонистон 2 нафар ҳалок ва 22 нафар захмӣ шуданд

Июль 1, 2015 02:55

Душанбе, 01.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар маркази пойтахти Афғонистон пас аз зуҳри 30 июн террористи худкуш таркише анҷом дод, ки дар натиҷа 2 нафар ҳалок ва 22 каси дигар захмӣ шуданд.
Агентии иттилоотии «Синхуа» хабар медиҳад, ки ҳадафи ин таркиш корвони мошинҳои низомии хориҷии ба самти фурудгоҳ равона буд. Маҳалли ҳодисаи таркиш наздик ба Сафорати ИМА ва қароргоҳи СААШ дар Афғонистон аст.

Июль 1, 2015 02:55

Хабарҳои дигари ин бахш