Дар нимсолаи якум 6034 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуд
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Маҳинаи Собир).- Дар нимсолаи аввали соли 2015 аз ҷониби мақомоти идораи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон 6034 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуда, нисбат ба 4832 ҳолат дастур, 4220 санад ва дар 4219 ҳолат қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шуда, ба маблағи 1 млн. 372 ҳазору 340 сомонӣ ҷарима баста шудааст, ки аз ин 905 ҳазору 620 сомонӣ ба суратҳисоби кумитаҳои идораи замин ворид шудааст. Ин нуктаро имрӯз, 13 июл раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимзода Акбари Табарӣ ба хабарнигорон зимни нишасти хабарӣ иброз намуд.
Тибқи иттилои мавсуф, барои додани баҳои ҳуқуқӣ 412 мавод ба прокуратура , 547 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба судҳо ирсол шуда, 3561 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






