Дар шаш моҳ беш аз 300 ҳазор шаҳрванди ҶТ ба хориҷа сафар кардааст
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар шаш моҳи аввали соли 2015- 391 ҳазору 203 нафар шаҳрванди ҶТ ба хориҷа сафар намудааст. Аз ин ҳисоб 340 ҳазору 329 нафар мард ва 50 ҳазору 874 нафар зан мебошад.
Дар ин муддат 336 ҳазору 625 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт, ки аз ин шумора 300 ҳазору 521 нафар мард ва боқимонда 36 104 нафар зан буд.
Аз шумораи умумии муҳоҷирон 331 ҳазору 253 нафар ба Федератсияи Русия ва 5 372 нафар ба Қазоқистон барои кор рафтаанд.
Дар шаш моҳи аввали соли равон 219 ҳазору 948 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ватан баргаштааст, ки аз ин шумора 187 ҳазору 468 нафараш аз муҳоҷирати меҳнатӣ бозгаштааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2015 аз Федератсияи Русия 182 ҳазору 292 нафар ва аз Қазоқистон 5 176 муҳоҷири меҳнатӣ ба Тоҷикистон баргаштааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






