Дар Сурия қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба бокси тайӣ, ки ба ДИ пайваста буд, кушта шуд
Душанбе, 09.07.15. (АМИТ «Ховар). — Қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба бокси тайӣ Валдет Гаши (Valdet Gashi), ки баҳори соли равон ба сафҳои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) дохил шуда буд, дар Сурия кушта шуд. Дар ин бора RUDAW хабар медиҳад.
Аз ҳалокати варзишгар аҳли оилааш нақл карданд. Ба гуфтаи онҳо, Гаши рӯзи шанбеи 4 июл дар вазъияти номаълум парронда шуд. Мавсуф дар сафҳои ДИ вазифаи посбони ҳудуди назди сарҳади Сурияю Туркияро ба ҷо меовард. Исломгароён Гаширо барои худнамоии худ низ истифода менамуданд: вай аксҳои дорои унсурҳои ифротгароиро, ки ин, мувофиқи нақшаи роҳбарияти ДИ мебоист аъзои навро ба сафҳои созмонашон ҷалб мекард, дар саҳифаи худ дар Фейсбук ҷой медод.
Моҳи июн худи ҷанговар аз иштирокаш дар гурӯҳи террористӣ хабар дод. Варзишгари Олмон мебоист моҳҳои апрел ва май дар Таиланд машқ мекард, вале ба ҷойи ин ба Сурия рафта, ба ДИ пайваст.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






