Дар вилояти Нангарҳор 20 силоҳбадаст кушта шуд
Душанбе, 31.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи чоршанбе дар ҳудуди вилояти Нангарҳори Афғонистон бо иштироки қувваҳои авиатсия амалиёти навбатии ҳарбӣ сурат гирифта, дар натиҷаи он шӯришгарон талафот доданд.
Тавре ки Афғонистон.ру хабар медиҳад, амалиёти ҳарбӣ дар вулусволии Хаска Мина сурат гирифта, бар асари ҳамлаи тайёраҳои низомӣ 20 силоҳбадаст кушта шуд.
Ба гуфтаи намояндаи волии вилоят, ҳангоми амалиёти ҳарбӣ ягон сокини осоишта осеб надидааст, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Хома Пресс». Тайи якчанд моҳи охир дар вилояти Нангарҳор бинобар авҷ гирифтани муборизаи байни «Толибон» ва «Давлати исломӣ» амалиёти силоҳбадастон вусъат ёфт, вале посдорони тартибот бо мадади НАТО кӯшиш доранд, ки вазъиятро таҳти назорати худ қарор диҳанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






