Даргузашти Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев
Душанбе, 27.07.2015 (АМИТ “Ховар”).- 27 июли соли 2015 яке аз чеҳраҳои шинохтаи фалсафаи тоҷик доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадхоҷаев Аҳмадҷон дар синни 74 даргузашт.
Дар маросими видоъ бо ин донишманд Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Кароматулло Олимов ва дигар шахсиятҳои илмиву фикрии Тоҷикистон аз Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев ҳамчун олими забардаст ва муҳаққиқи пуркор ном бурданд ва даргузашти ӯро талафоти ҷуброннопазир барои илм, хусусан илми фалсафаи тоҷик унвон карданд.
Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев 10 феврали соли 1941 дар деҳаи Рохарв, ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар хонаводаи зиёӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонии ноҳия соли 1959 шомили факултаи таърих ва филологияи (шуъбаи форсӣ) Донишгоҳи Давлатии (ҳоло Донишгоҳи давлатии Миллӣ) Тоҷикистон гардидааст. Донишгоҳи мазкурро соли 1964 хатм намуда, дар ҳамон сол, яъне соли 1964 ба хидмати артиши Шўравӣ даъват шудааст. Баъди ба итмом расидани хидмати аскарӣ дар моҳи августи соли 1965 муддате дар ноҳияи Колхозобод ҳамчун омўзгор дар мактаби маълумоти ҳамагонии ба номи Максим Горкий адои вазифа намудааст Аз моҳи декабри соли 1965 то декабри соли 1968 аспиранти шўъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Баъди фориғуттаҳсил шудан аз аспирантура соли 1971 дар мавзўи «Ҷаҳонбинии Фаридиддин Аттор» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Аз соли 1971 то соли 1979 ба ҳайси ходими калони илмии бахши таърихи фалсафаи шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳо ифои вазифа намуда, аз ибтидои соли 1979 то нимаи дуюми соли 1983 дар Ҷумҳурии Афғонистон кор кардааст. Баъди бозгашт аз Афғонистон аз моҳи сентябри соли1983 тадқиқоти илмиро дар шуъбаи фалсафа, аввал ба ҳайси ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ ва баъдан ҳамчун мудири шуъба давом додааст. Дар ибтидои соли 1992 рисолаи доктории худро дар мавзўи «Идеологияи тасаввуфии тариқаи нақшбандия» дифоъ намудаааст. Соли 1997 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Инчунин вазифаи академик — котиби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Муаллифи бештар аз 250 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла, китобҳои монографии «Ҷаҳонбинии Фаридиддин Аттор» (Душанбе, 1974), «Маърифатшиносии тасаввуф» (Душанбе, 1990), «Идеологияи нақшбандия» (Душанбе, 1991). «Хоҷа Аҳрор» (зиндагӣ ва осор, Душанбе, 2004), «Назарияи динӣ-сиёсии Хоҷа Аҳрор» (Душанбе, 2005) мебошад.
Ў муҳаррири илмии бештар аз 8 рисолаю китоби монографӣ, муҳаррири масъули ҷилди дуюми осори мунтахаби Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, (Душанбе, 1996), рисолаи фалсафии Умари Хайём (Душанбе, 1999), ҷилди аввали осори Абўалӣ Ибни Сино, (Душанбе, 2005), ҷилди сеюми осори фалсафии Носири Хусрав» (Душанбе, 2003) ва «Осори мунтахаби Хоҷа Аҳрор ва пайравонаш» (Бо ҳаммуаллифӣ, Душанбе, 2004) буд.
Мавсуф имрӯз дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.








Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид






