Дарвозабони «Арсенал»-ро «Рома»-и Италия бо маблағи 5-млн евро бо худ бурд
Душанбе, 24.07.2015(АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Клуби футболи «Рома»-и Италия дар бораи ба иҷора гирифтани дарвозабони дастаи «Арсенал» Войтсех Шесни бо маблағи 5-млн евро ё худ 3,5 млн фунт муваффақ гардид. Ба иттилои нашрияи «The Guardian » ду клуби номбурда тайи чанд рӯз барои гузариши ин дарвозабон гуфтушунид анҷом дода, билохира барои 12 моҳ розӣ шуданд. Бояд гуфт, ки Войтсех Шесни соли 2006-ум ба дастаи «Арсенал» омада, шуруъ аз мавсими соли 2010/11 мавқеи хешро дар ҳайати асосӣ мустаҳкам намуд. Вале бо сабаби он, ки Войтсех Шесни дар бозиҳо ба иштибоҳҳо роҳ дод, мавқеи хешро дар ҳайати асосӣ аз даст дод ва дар ҳайати эҳтиётӣ нишаст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






