Дастаи футболи Чили қаҳрамони мусобиқоти футболи Амрико шуд
Душанбе, 06.07.2015,(АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон).- Шоми дирӯз бозии ниҳоии футбол миёни дастаҳои мунтахаби Чили ва Аргентина дар варзишгоҳи Сантяго баргузор шуд. Бояд зикр кард, ки даври асосӣ ва иловагии бозӣ бидуни гол хотима ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дар бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Чили ва Аргентина аз сабабе, ки бозӣ бидуни гол хотима ёфт, байни бозингарон зарбаҳои ёздаҳметра сурат гирифтанд. Хотиррасон менамоем, ки қаблан дастаи мунтахаби Чили чаҳор бор дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Амрико шикаст хӯрдааст. Бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби Чили дастаи Аргентинаро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Лозим ба ёдоварист, ки голи ягонаи дастаи Аргентинаро ҳамлагари дастаи Барселона Лионел Месси ба дарвозаи Алексис Санчес ворид кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






