Дастгирии Президенти Тоҷикистон аз мақоми нозир гирифтани Беларус дар СҲШ
Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки ин лаҳзаҳо дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия ҷараён дорад, дархости ҷониби Беларусро барои дарёфти мақоми нозир дар СҲШ дастгирӣ намуд.
Маврид ба зикр аст, ки давлат ё ташкилоте, ки мақоми нозирро дар ин созмон мегирад, метавонад дар ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳо ё Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ даъват шавад. Инчунин, давлат ё созмон мақоми нозирро дошта ҳуқуқ дорад, ки дар кушодашавии ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва ҷаласаҳои роҳбарони вазоратҳо ё идораҳои давлатҳои аъзои СҲШ иштирок кунад.
То имрӯз давлатҳои Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон дар СҲШ мақоми нозирро доростанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






