Даъват ба покии забон ва ислоҳи хатоҳои ҷиддӣ
Душанбе, 2.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-«Бо вуҷуди талошҳои зиёд барои покии забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи лозимӣ сурат намегирад. Ҳамоно дар пойтахти кишвар ва ҳам шаҳру навоҳии мамлакат овезаву шиорҳо ба забони тоҷикӣ бо хатоҳои ҷиддӣ навишта мешаванд ва номҳо тоҷикӣ нестанд»,- гуфт раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинари илмию амалие, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) баргузор шуд. Дар семинар масъалаҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ки аз КМТ иттилоъ доданд, семинар бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд ва дар он раиси Кумита Гавҳар Шарофзода то кадом андоза зарур ва муҳим будани риояи қонуни забонро таъкид намуда, зикр кард, ки масъалаи тозагии забон ба таври ҷиддӣ аз ҷониби Кумитаи забон пайгирӣ мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






