ДДМ: медалҳои донишҷӯён аз интернет-олимпиада
Душанбе, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар соли 2015 дар як интернет-олимпиадади байналмилалӣ ва ду олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни мактабҳои олӣ фаъолона иштирок намуда, дар маҷмӯъ 13 медал ба даст оварданд, аз ҷумла 4 медал барои ҷойи якум, 2 медал барои ҷойи дуюм ва 7 медали дигар барои ҷойи сеюм.
Гуфта мешавад, ки таъмини донишҷӯёни филиал бо компютер ва маводи иттилоотӣ барои амалӣ намудани фаъолияти сифатноки таълимӣ кофӣ буда, ба талаботи литсензионӣ ва аккредатсионӣ мувофиқ мебошад. Ин нишондиҳанда мувофиқи меъёрҳои қабулгардида ба 10 адад баробар буда, дар ҷараёни таълими филиал ба ҳар 100 донишҷӯ 18,1 компютер рост меояд, ки ин аз меъёри муқарраргардида хеле зиёд мебошад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






