Эҳтироми Шайхулислом ба забони тоҷикӣ ва кумакаш ба зарардидагони офати табиӣ
Душанбе, 22.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси идораи мусулмонони Қафқоз Шайхулислом Аллоҳшукур Пошозода дар ҷараёни баргузории конфронси байналмилалии «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ», ки имрӯз дар Душанбе оғоз ёфт, гуфт, ки ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи минтақаи шарқи Тоҷикистон 10 ҳазор $ кумак менамояд.
Шайхулислом Аллоҳшукур Пошозода зимни суханронияш гуфт, ки: забони модариаш озарист, аммо ба забон, фарҳанг ва миллати тоҷик эҳтироми бузург дорад. Роҳбари мусулмонони Қафқоз дар назди иштирокдорони конфронси байналмилалӣ бо забони ноби тоҷикӣ баромад кард ва суханронии Пошозода аз ҷониби аҳли толор бо кафкӯбии бардавом истиқбол гирифта шуд.
Ин дар ҳоле сурат гирифт, ки Абдуҷаббор Раҳмонзода- Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар оғози конфронс доир ба ҳодисаҳои табиӣ дар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон, ки рӯзҳои охир ба вуқуъ омад ва хисороти ҷонию молӣ ба бор овардааст, гузориш дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






