Экскаваторҳо барои кишоварзони Суғд
Душанбе, 30.07.15. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). — Дар ҳошияи лоиҳаи «Мусоидат ба ислоҳоти бахши об дар Тоҷикистон дар асоси принсипҳои ИУВР» 7 адад экскаватор дастраси кишоварзони вилояти Суғд гардид. Лоиҳаи мазкурро Раёсати рушду ҳамкории Швейтсария якҷоя бо Барномаи рушди СММ маблағгузорӣ менамояд.
Экскаваторҳо байни раёсатҳои мелиоратсия ва обёрӣ, Федератсияи истифодаи оби ноҳияи Конибодом, Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони «Чоркӯҳ», «Матпарӣ», «Меҳнатобод — Ворух» ва «Ғузлон» тақсим карда шуд.
Техникаи зикршуда барои тоза кардани каналҳои обёрикунанда истифода мешавад. Имрӯз теъдоди зиёди истифодабарандагони об дар деҳоти Тоҷикистон аз кам шудани оби дарёҳо шикоят мекунанд. Бинобар ин экскаваторҳо, чун мошину механизмҳои дигар, воситаҳои муҳиме барои коҳиш додани норасоии об бо усули беҳдошти истифодаи каналу заҳбурҳо маҳсуб меёбанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






