Экскаваторҳо барои кишоварзони Суғд

Июль 30, 2015 06:41

Душанбе, 30.07.15. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат). — Дар  ҳошияи  лоиҳаи «Мусоидат  ба ислоҳоти бахши об дар  Тоҷикистон дар  асоси  принсипҳои ИУВР» 7 адад  экскаватор  дастраси  кишоварзони  вилояти  Суғд  гардид. Лоиҳаи  мазкурро Раёсати  рушду  ҳамкории  Швейтсария  якҷоя  бо Барномаи рушди  СММ маблағгузорӣ  менамояд. 
Экскаваторҳо байни раёсатҳои  мелиоратсия ва обёрӣ, Федератсияи  истифодаи  оби ноҳияи  Конибодом, Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони «Чоркӯҳ»,  «Матпарӣ», «Меҳнатобод — Ворух» ва  «Ғузлон» тақсим  карда шуд. 
Техникаи  зикршуда  барои  тоза кардани каналҳои обёрикунанда  истифода  мешавад.  Имрӯз теъдоди  зиёди  истифодабарандагони  об  дар  деҳоти  Тоҷикистон аз кам  шудани оби  дарёҳо  шикоят  мекунанд. Бинобар  ин  экскаваторҳо, чун  мошину  механизмҳои  дигар,  воситаҳои  муҳиме  барои коҳиш  додани норасоии  об  бо  усули   беҳдошти  истифодаи  каналу  заҳбурҳо маҳсуб  меёбанд. 

 

Июль 30, 2015 06:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд