Эмомалӣ Раҳмон — профессори фахрии Донишгоҳи нафтию техникии Уфа
Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар Бошқирдистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Донишгоҳи нафтию техникии Уфа ташриф оварда, бо устодону донишҷёни ин муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии Русия мулоқот намуд.
Дар оғози вохӯрӣ ректори донишгоҳ Рамил Бахтизин пас аз маросими пазироию хайра мақдам сухан гуфта, қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи нафтию техникии Уфаро дар бораи сарфароз гардондани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрӣ қироат намуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки “Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар рушди муносиботи ду кишвари дӯст ва шарики стратегӣ ва мусоидати фаъол ба густариши робитаҳои илмию таҳсилотӣ ба чунин қадрдонии олӣ ноил мегардад”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ректори Донишгоҳи нафтию техникии Уфа Рамил Бахтизин ва аъзои Шӯрои илмии донишгоҳ барои чунин қадршиносии баланд арзи сипос намуда, ба онҳо комёбию дастовардҳои нав дар роҳи рушди илму таҳсилот ва таҳкими робитаҳои анъанавии Тоҷикистону Русия таманно кард.
Сарвари давлат ҳамчунин ба донишҷӯёни тоҷики дар ин донишгоҳи обрӯманд таҳсилкунанда муроҷиат намуда, онҳоро ба омӯзиши амиқи илму техникаи муосири соҳаи ҷустуҷӯй, истихроҷ ва коркарди нафт, ки барои ояндаи Тоҷикистон басо муҳим аст, ҳидоят кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






